Эрон – панҷумин тавлидкунандаи асали ҷаҳон
Муовини вазири ҷиҳоди кишоварзии Эрон гуфт, Эрон дар заминаи тавлиди асал ва занбӯрпарварӣ панҷумин кишвари ҷаҳон аст.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Муртазо Ризоӣ, муовини умури чорводории вазири кишоварзии Эрон дар маросими Рӯзи ҷаҳонии занбӯри асал, ки рӯзи 19-уми май дар Теҳрон баргузор шуд, гуфт, рутбаи панҷуми Эрон дар ҷаҳон дар заминаи тавлиди асал як ифтихори бузург аст. Кристина Радеҷ (Kristina Radej), сафири Словения дар Теҳрон низ дар ин маросим омодагии кишварашро барои воридоти асал аз Эрон эълом кард.
Нахустин ҷашни Рӯзи ҷаҳонии занбӯри асал дар ҷаҳон рӯзи якшанбе бо ҳадафи огоҳирасонӣ дар бораи аҳамияти занбӯри асал ва саноати занбурдорӣ ҳамзамон бо соири кишварҳо дар Эрон низ баргузор шуд.
Словения бистуми декабри соли 2017, пас аз се соли пайгирӣ дар Созмони Милали Муттаҳид тавонист Рӯзи ҷаҳонии занбӯри асалро сабт кунад. Ин пешниҳод дар Кумитаи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳузури намояндагони 115 кишвар, аз ҷумла Эрон сабт шуд.