Раҳбари инқилоб: Ҳаққи Эрон барои оғози фаъолиятҳои ҳастаӣ маҳфуз аст
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ асри рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҷамъе аз масъулон ва коргузорони низом бо ишора ба душмании мабноӣ, амиқ ва пайвастаи Амрико бо асли низоми ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон таъкид карданд, шикасти Амрико дар моҷарои ахир дар сурати адои вазифаҳои масъулон қатъӣ ва бидуни тардид хоҳад буд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд, сарнавишти раисҷумҳури кунунии Амрико беҳтар аз сарнавишти дигар раисҷумҳурҳои ин кишвар чун Буш ва Рейган нахоҳад буд ва ҳамонанди онҳо дар таърих гум хоҳад шуд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ тасреҳ карданд, маҷмӯаи бархӯрдҳои Амрико аз ибтидои музокироти ҳастаӣ то кунун ин таҷрибаи муҳимро ба даст медиҳад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон наметавонад бо Амрико таомул кунад, зеро Амрико пойбанд ба тааҳҳудоти худ нест. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ-ро нақзи қатъномаи 2231-и Созмони Милал хонданд ва афзуданд, аврупоиҳо бояд қатъномае алайҳи Амрико ба Шӯрои амният баранд ва ба ин ҳаракати Амрико эътироз кунанд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар баёни шароити лозим барои идомаи БарҶОМ бо аврупоиҳо таъкид карданд, сарони се кишвари аврупоӣ бояд мутааҳҳид шаванд ва қавл диҳанд, ки баҳси мушак ва ҳузури минтақаӣ Эронро мутлақан матраҳ нахоҳанд кард.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, умқи роҳбурдиро аз масъалаҳои иқтидори Эрон хонданд ва афзуданд, ҳузур дар минтақа ва тарафдории миллатҳо аз ҷумҳурии исломӣ умқи роҳбурдии мост ва ҳеҷ давлати оқиле аз ин масъалаҳои қудратбахш сарфи назар намекунад.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар боби тазминҳои лозими аврупоиҳо барои идомаи БарҶОМ таъкид карданд: “Агар амрикоиҳо тавонистанд дар фурӯши нафти Эрон халал ворид кунанд, аврупоиҳо бояд хариди нафт аз Эрон ба миқдори мавриди ниёз моро тазмин кунанд”. Тазмини бонкҳои аврупоӣ дар бораи дарёфт ва пардохти пулҳои ҷумҳурии исломӣ аз дигар нукоте буд, ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин замина баён карданд. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: “Эрон бо се кишвари аврупоӣ даъво надорад, балки бо таваҷҷуҳ ба собиқаи аврупоиҳо мо ба онҳо эътимод надорем ва ба ҳамин иллат онҳо бояд тазминҳои воқеӣ бидиҳанд”. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд: “Агар аврупоиҳо дар посух ба мутолиботи мо тааллул (таъхир) карданд, ҳаққи Эрон барои оғози фаъолиятҳои таътилшудаи ҳастаӣ маҳфуз аст”.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ масъулони Созмони энержии атомиро ба омодагӣ барои шурӯи эҳтимолии ин гуна фаъолиятҳо фарохонданд ва афзуданд: “Алъон ғанисозии 20-дарсадиро оғоз намекунем, вале бояд омода бошед, ки агар лозим шуд ва дидем, БарҶОМ фоида надорад, фаъолиятҳои таътилшуда бавоситаи БарҶОМ аз саргирифта шавад”.