Таҳлили рафторҳои Амрико аз нигоҳи Раҳбари муаззами инқилоб
(last modified Thu, 24 May 2018 09:34:58 GMT )
Май 24, 2018 14:34 Asia/Dushanbe
  • Таҳлили рафторҳои Амрико аз нигоҳи Раҳбари муаззами инқилоб

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри чаҳоршанбе дар дидори сарони қувво ва ҷамъе аз масъулон ва коргузорони низом, суханон муҳимеро дар равшансозии иллатҳои душмании мабноӣ, амиқ ва идомадори Амрико бо асли низоми ҷумҳурии исломӣ эрод карданд.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин хусус чандин таҷрибаи ибратомӯз дар равобити Эрон ва Ғарбро ёдоварӣ ва тазминҳои лозими Аврупо барои идома ёфтани БарҶомро низ шарҳ доданд.

Эшон бо ишора ба собиқаи ҳамроҳии Аврупо бо Амрико дар ҷараёнсозии ҳастаӣ алайҳи Эрон афзуданд: “Мо бинои даъво бо Аврупоро надорем, аммо се кишвари аврупоӣ нишон додаанд, ки дар ҳассостарин мавқеъҳо бо Амрико ҳамроҳӣ мекунанд”.

Раҳбари муаззами инқилоб муқобилаи ошкори аврупоиҳо бо ҳар гуна таҳрими Амрико алайҳи Эронро аз шароити зарурӣ баршумурданд ва хотирнишон карданд: “Ҳама бидонанд, ҷумҳурии исломӣ аз қудрати худ, аз ҷумла дифоъ аз роҳи дур қатъан даст намекашад".

Дар суханони дишаби Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба нукоти муҳим ва калидӣ дар таҳлили сиёсатҳои Амрико алайҳи Эрон ва масоили муртабит бо БарҶом ишора шуд.

Муҳимтарин масъала дар ин замина зарурати бозшиносии илал ва решаҳои хусуматварзии Амрико аз ибтидои инқилоби исломӣ то кунун аст, ки на фақат кам нашуда, балки шадидтар ва печидатар ҳам шудааст.

Эшон дар равшансозии ин масъала чандин таҷрибаи муҳимро ёдовар шуданд ва бо ишора ба такрори таъбири “барандозӣ” дар сӯҳбатҳои мақомоти амрикоӣ гуфтанд: "Ин таъбир ҷадид нест ва мақомоти амрикоӣ аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ онро ба кор мебурданд. Ҳатто ҳамон раиси ҷумҳуре, ки мегуфт; ба дунболи барандозӣ нестам, ба дунболи барандозӣ буд ва нияту аҳдофи ӯ низ мушаххас шуд”.

Ишораи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба таҷрибаи музокироти солҳои ахир ва баъд аз БарҶом дар воқеъ таъкид бар ин нукта аст, ки мавзӯоте ҳамчун ҳастаӣ ва мушакӣ масъалаи аслӣ нестанд, балки мухолифат ва душмании амиқи Амрико бо асли низом аст.

 Воқеият ин аст, ки масъалаи аслӣ ва чолиши Амрико бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузури муқтадиронаи Эрон дар минтақа аст, ки роҳи султаҷӯиро сад кардааст ва иҷоза намедиҳад, ки сегонаи Амрико, Исроил ва Арабистон ба аҳдофи шуми худ бирасанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин замина бо ишора ба ҷузъҳои иқтидори Эрон дар минтақа таъкид карданд: “Ҳузур дар минтақа ва тарафдории миллатҳо аз ҷумҳурии исломӣ умқи роҳбурдии мост ва ҳеҷ давлати оқиле аз ин муаллафаҳои қудратбахш сарфи назар намекунад”.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар таҳлили решаҳои хусуматварзии Амрико набояд дучори содаандешӣ ва нигоҳҳои хушбинона шуд. Ҳадафи Амрико даргир кардани Эрон бо буҳрон дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ аст, ки дар ибтидои пирӯзии инқилоб дар қолаби ҷанги таҳмилӣ ва тарроҳии кудато таҷриба шуд, аммо шикаст хурд. Ин ҷараёни хасмона ба шеваҳои дигаре ҳамчун барандозии низом аз дарун ва бо ҷанги нарм дунбол шуд, ки боз ҳам натиҷа надод.

Ҳамчунин Амрико дар чиҳил соли гузашта гузинаи фишори иқтисодиро канор нагузошта ва бо иттиҳомсозӣ алайҳи Эрон талош мекунад то шояд ба аҳдофаш даст ёбад.

Ноам Хомский, назарияпардози машҳури амрикоӣ дар тиҳлили сиёсатҳои Амрико алайҳи Эрон мегӯяд: "Ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва ДИИШ аз меъёршиканиҳои Амрикост, аммо Амрико Эронро ба бесуботсозӣ дир минтақа муттаҳам мекунад”.

Бешак он гуна ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд, бар асоси суннати илоҳӣ, дар шикасти душман ҳеҷ тардиде вуҷуд надорад ва сарнавишти раиси ҷумҳурии кунунии Амрико беҳтар аз сарнавишти гузаштагони худ ҳамчун Буш ва Рейган нахоҳад буд ва ҳамонанди онҳо дар таърих гум хоҳад шуд.