Май 27, 2018 18:39 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Агар аврупоиҳо ба дунболи итлофи вақт бошанд, Эрон музокиротро идома намедиҳад

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон гуфт: Агар эҳсос кунем, ки музокирот бо аврупоиҳо дар хусуси идомаи БАРҶОМ ба самти фарсоишӣ шудан меравад ё вақт талаф кардан аст, ба музокирот идома нахоҳем дод.

Аббоси Ироқчӣ пас аз ҳузур дар Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар ҷамъи хабарнигорон, дар бораи музокира бо дигар аъзои ҳозир дар БАРҶОМ афзуд: Эрон аз кишварҳои аврупоӣ хостааст, то нисбат ба таъмини хостаҳои Эрон дар БАРҶОМ, бидуни ҳузури Амрико иқдом кунанд ва пешниҳодҳо ва роҳкорҳои худро ба ҳамроҳи тазминҳои марбута ба Эрон ироа кунанд, то Теҳрон битавонад тасмимгирӣ кунад.  

Муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳануз тасмиме барои боқӣ мондан ва ё хуруҷ аз БАРҶОМ нагирифта ва тасмимгирӣ дар ин замина бастагӣ ба музокироти чанд ҳафтаи оянда дорад.

 

Барчасп