Омодагӣ барои баргузории бошукӯҳи бистунуҳумин солгарди Пири Ҷаморон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i35088
Маросими бузургдошти бистунуҳумин солгарди иртиҳоли ҷонсӯзи ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) ва ҳамчунин қиёми понздаҳуми хурдод, бо шукӯҳи ҳарчи тамомтар ва бо суханронии Раҳбари муаззами инқилоб, фардо душанбе баргузор мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 03, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
  • Омодагӣ барои баргузории бошукӯҳи бистунуҳумин солгарди Пири Ҷаморон

Маросими бузургдошти бистунуҳумин солгарди иртиҳоли ҷонсӯзи ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) ва ҳамчунин қиёми понздаҳуми хурдод, бо шукӯҳи ҳарчи тамомтар ва бо суханронии Раҳбари муаззами инқилоб, фардо душанбе баргузор мешавад.

Ошиқони Руҳуллоҳ, 14 хурдод 1397 дар бистунуҳумин солгарди иртиҳоли бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ормонҳои он азизи сафаркарда таҷдиди паймон мекунанд.

Бинобар эъломи дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳилузмо Хоманаӣ, ин маросим рӯзи якшанбе 13 хурдод 1397 (18 моҳи мубораки рамазон) аз соати 18.30 дар шабистони Имом Хумайнӣ, ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с) баргузор мешавад.

Ҳамчунин бистунуҳумин солгарди иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) соати 17:30 рӯзи 14 хурдодмоҳ бо суханронии Раҳбари муаззами инқилоб ва бо мушорикати ақшори мухталифи мардум ва дӯстдорони он ҳазрат дар марақади мутаҳҳари бунёнгузори кабири инқилоб баргузор мешавад.

Раиси ҷумҳур ва ёдгори Имом ҳам ба иллати риояти ҳоли мардуми рӯзадор ва истифода аз суханони Раҳбарӣ дар маросими имсол суханронӣ намекунанд.

Тавлияти остони Имом Хумайнӣ Сайидҳасани Хумайнӣ низ бар зарурати баргузории содда, аммо бошукӯҳи маросими реҳлати Имом Хумайнӣ таъкид кард ва гуфт: Бояд муроқиб бошем, маросими солгарди Имом ҳеҷ таҷаммуле дар худ надошта бошад.

Фармондеҳи сипоҳи Теҳрони бузург эълом кард, ҳеҷ мушкил ва нигаронии амниятӣ барои маросими иртиҳоли Имом вуҷуд надорад ва аз ҳар гуна иқдом ва нақшае барои барҳам задани амнияти маросим пешгирӣ хоҳад шуд.

Мудири равобити умумии Созмони ҳавопаймоии кишварӣ ҳам гуфт: Ба муносибати баргузории маросими солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) , фурудгоҳҳои устони Теҳрон рӯзи чаҳордаҳуми Хурдод аз соати 16 то 21 ба рӯй парвозҳои борӣ ва мусофирӣ бастааст.

Равобити умумии Садо ва симо эълом кард, расонаи миллӣ омодаи даъват аз мардуми инқилобии Эрон ҷиҳати ҳузури густурда дар барномаҳои солрӯзи иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), барномаҳои 14 хурдод ва шабҳои қадр дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Хумайнӣ аст.

Сайид Руҳуллоҳи Мустафавӣ, мулаққаб ба Имом Хумайнӣ раҳбари инқилоби исломӣ ва бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон 30 шаҳривари 1281 ҳиҷри шамсӣ (24 сентябри 1902 мелодӣ) дар шаҳристони Хумайн аз тавобеи устони Марказии Эрон дар хонаводаи аҳли илм ва ҳиҷрату ҷиҳод, пой бар хокдони табиат ниҳод ва дар 14 хурдоди соли 1368 ҳиҷрии шамсӣ ба малакути аъло пайваст.