Июн 04, 2018 15:21 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи реҳлати имом Хумайнӣ (р) таслият бод

Имрӯз душанбе чаҳордаҳуми хурдоди 1397 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо чаҳоруми июни 2018 мусодиф бо сивумин солрӯзи реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломии Эрон аст.  

 29сол пеш дар чунин рӯзе, Рӯҳуллоҳи Мусавии Хумайнӣ (р), бунёнгузори инқилоби исломии Эрон пас аз 87 сол зиндагӣ чашм аз ҷаҳон фуру бастанд.  

Имом Хумайнӣ (р) муборизоти худро аз 1964 бо режими истибдодии шоҳ ва мудохилоти Амрико дар Эрон оғоз карданд ва бо тавтеаи режими шоҳ ба Туркия ва сипас ба Ироқ табъид шуданд.  

Имом Хумайнӣ (р) дар 13 сол табъид дар Ироқ илова бар тарбияти шогирдони бисёр, ба ифшогарии моҳияти фосиди режими шоҳ ва ниятҳои номашруи Амрико дар Эрон пардохтанд.

Саранҷом пас аз авҷгирии мубориза ва ҳиҷрати имом ба Фаронса ва сипас бозгашт шукӯҳмандонаи эшон ба Эрон, инқилоби исломии Эрон 1979 ба пирӯзии ниҳоӣ расид.

 

Барчасп