Июн 07, 2018 13:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Озодии Қудс, ормони муқаддаси миллати Эрон ва ҳамаи мусулмонон

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Рӯзи Қудс, рӯзи таърихии фарёди зидди ситамгарон ва ҳимоят аз миллати мазлумест, ки таи ҳафтод соли пеш аз хона ва кошонаи худ овора шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёме, Рӯзи Қудси имсолро дорои вежагиҳои хосе баршумурд ва афзуд: Имсол шоҳиди он ҳастем, ки Байтулмуқаддас, сарзамини мавриди эҳтироми ҳамаи мусулмонон бархилофи тамом муқаррарот ва қавонини байналмилалӣ аз сӯи Амрико ба унвони пойтахти режими ишғолгари саҳюнистӣ шинохта шудааст.

Вай хотирнишон кард: Дур нест рӯзе, ки миллати шарифи Фаластин ба хонаҳои худ бозгарданд.

 

Барчасп