Июн 08, 2018 19:07 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Созишкорони минтақа ба сӯи суқут мешитобанд

Имоми ҷумъаи Теҳрон гуфт: Роҳпаймоии Рӯзи Қудс, роҳпаймоӣ алайҳи режими Исроил, Амрико ва созишкорони муртаҷеъи минтақа буд.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон афзуд: Созишкорони муртаҷеъи минтақа имрӯз барои ба расмият шинохтани режими фосиди саҳюнистӣ мусобиқа гузоштаанд, аммо бидонанд, ки ин мусобиқа, мусобиқаи суқути онҳост ва ба ёрии Худованд, миллатҳои худашон онҳоро ба зиллат хоҳанд кашонд.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон нафрат аз режими саҳюнистиро унсури ваҳдатофарин дар ҷомеаи Эрон хонд ва гуфт: Як нафар дар кишвар нест, ки аз ин режими манфур таҷлил кунад ва ҳамаи гурӯҳҳо ва салиқаҳо дар ин, ки Исроил бояд аз саҳнаи рӯзгор маҳв шавад, ҳамназар ҳастанд.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо баён ин, ки имрӯз дар 900 шаҳр Эрон «ибодати бузурги сиёсӣ, яъне ҳузури мардум дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс» баргузор шуд, гуфт: Салом ва дуруди Худо бар Имом Хумайнӣ, ки ин роҳро пеши рӯйи мо гузошт ва мубориза бо саҳюнистҳоро дар дастури кор қарор дод ва ҷумъаи охири моҳи мубораки рамазонро Рӯзи Қудс эълом кард.

Имоми ҷумъаи Теҳрон гуфт: Замоне шиори режими ғосиби саҳюнистӣ, "аз Нил то Фурот" буд, аммо имрӯз ин режим ба чунон зиллате афтода, ки мақомоти он дар Аврупо мегарданд ва мегӯянд, нагузоред дар Лондон “марг бар Исроил” гуфта шавад.