Июн 10, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Мушарраф шудани як ҷавони рус ба Ислом дар Эрон

Як ҷавони масеҳии сокини Русия, ҳамзамон бо моҳи мубораки рамазон, дар шаҳри Рашт (шимоли Эрон) бо адои шаҳодатайн ба дини мубини Ислом мушарраф шуд.

Ба гузориши ИРНА, Антон Савков пас аз мушарраф шудан ба дини мубини Ислом, номи Каёнро барои худ баргузид.

 Каён Савков дини Исломро беҳтарин роҳ барои зиндагии инсон баршумурд ва гуфт: Аз инки мусулмон шудааст, эҳсоси оромиш мекунад.

Вай пас аз ташарруф ба дини мубини Ислом бо Мелико Ализода донишҷуи эронии муқими Русия издивоҷ кард.

Хутбаи ақди ин завҷ тавассути ҳуҷҷатулислом валамуслимин Расули Фалоҳатӣ имоми ҷумъаи Рашт (маркази устони Гелон) хонда шуд.