Июн 11, 2018 08:47 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ: Референдум, роҳи ҳалли мантиқии Эрон барои Фаластин

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо интиқод аз сукути аврупоиҳо дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва Қудс, тасреҳ карданд, барои таъйини навъи ҳукумат дар Фаластин, бояд бар асоси шевае, ки ҳамаи ҷаҳон қабул дорад, ба афкори умумӣ муроҷиа кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ асри якшанбе дар дидори садҳо нафар аз устодон, аъзои ҳайатҳои илмӣ ва пажӯҳишгарони донишгоҳҳо ва марокизи илмии Эрон, хотирнишон карданд, бояд аз ҳамаи фаластиниёни воқеӣ, ҳам аз мусулмон, яҳудӣ ва масеҳӣ, ки ҳаддиақал 80 сол дар ин сарзамин будаанд, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз сарзаминҳои ишғолӣ, назархоҳӣ ва ҳамапурсӣ шавад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба мазлумнамоии нахуствазири кӯдаккуши режими ишғолгар дар сафар ба Аврупо, афзуданд, ин ҷинояткор ба аврупоиҳо ба дурӯғ гуфт, Эрон мехоҳад мо ва чанд миллион яҳудиро нобуд кунад; Дар ҳоле, ки роҳи ҳалли Эрон барои Фаластин, комилан мантиқӣ ва мантиқ бар мавозини демократӣ аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба ҷойгоҳи рафеъи Ҷумҳурии исломӣ дар миёни тӯдаҳои аксари миллатҳо ишора карданд ва гуфтанд, Эрони исломӣ дар миёни давлатҳои мустакбир ва беарзиш бештарин душманонро дорад; Ҳамонгуна, ки дар тӯдаҳои мардуми минтақа ва аксари кишварҳо бештарин обрӯ, тарафдорӣ ва нуфузро дорад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома, донишгоҳро аз марокизи бисёр муҳимми «тарбияти қувваи оқилаи кишвар» хонданд ва се зарурати асосии донишгоҳҳоро «даргир шудан бо масоил ва чолишҳои кишвар», «тарбияти фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ҳувиятии донишҷӯён» ва «таҳаввули доим ва ислоҳи мустамар дар муҳитҳои донишгоҳӣ» баршумурданд.

Эшон таъкид карданд, масоил ва мушкилоти кишвар бояд олимона ҳал шавад ва истифода аз тавоноиҳо ва зарфиятҳои донишгоҳҳо ва устодан, дастони тавоно ва мустаиди ҷавонони пурталош ва пурангеза дар ин масир, бисёр асосӣ ва муҳим аст.

 

Барчасп