Тайиди ҳукми эъдоми аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Девони олии Эрон
(last modified Mon, 11 Jun 2018 12:06:01 GMT )
Июн 11, 2018 17:06 Asia/Dushanbe
  • Тайиди ҳукми эъдоми аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Девони олии Эрон

Ҳукми эъдоми ҳашт мутаҳҳами гурӯҳи террористи ДИИШ, ки дар ҳамла ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва оромгоҳи имом Хумайнӣ (р) дар 2017 даст доштанд, дар Девони олии Эрон тайид шуд.

Ғуломризо Ансорӣ, муовини Девони олии Эрон дар мусоҳиба бо Ирно гуфт: Ҳукми эъдоми ин мутаҳҳамон, ки дархости таҷдиди назари онҳо ба Девони олии Эрон ирҷоъ шуда буд, дар ин девон ба тайид расид.

Ҳамалоти 7 июни 2017 аносури вобаста ба ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р) дар Теҳрон, 18 шаҳид ва даҳҳо захмӣ бар ҷо гузошт.