Эрон: Иттиҳодияи Аврупо зудтар тасмимашро бигирад
Июн 11, 2018 13:31 Asia/Dushanbe
Ҷумҳурии исломии Эрон хостори он шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо дар бораи чигунагии идомаи тавофуқи ҳастаӣ ҳарчи сареътар тасмим бигирад.
Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар бораи идомаи БАРҶОМ ё тавофуқи ҳастаӣ гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба хориҷ шудани ғайриқонунии Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ, Иттиҳодияи Аврупо бояд тазминҳои лозим барои таъмини манофеи Эронро бидиҳад.
Қосимӣ гуфт: Иттиҳодияи Аврупо маҷмуаи бузургест, бо бюрократияи хос, аммо агар Аврупо мехоҳад, Эрон дар БАРҶОМ бимонад, бояд сареҳтар ва сареътар тасмимотеро иттихоз кунад.
Барчасп