Июн 15, 2018 18:21 Asia/Dushanbe
  • Қории эронӣ, нафари аввали мусобиқаи телевизионии қуръонии ҷаҳони ислом

Алиасғари Шуъоӣ қории эронӣ дар бузургтарин ва нахустин мусобиқаи зиндаи телевизионии қуръонии ҷаҳони ислом, рутбаи нахустро касб кард.

Мусобиқаи қуръонии «Инна лилмуттақина мафозан» бузургтарин ва нахустин мусобиқоти зиндаи телевизионии қуръонии ҷаҳони ислом ва аз ибтикороти шабакаи ҷаҳонии ал-Кавсар аст, ки мавриди истиқболи фаровони алоқамандони ба Қуръон дар ҷаҳони араб ва ҷаҳони ислом қарор гирифт.

Дар ин давра аз мусобиқот, 113 қорӣ аз 20 кишвар дар тули моҳи мубораки рамазон бо якдигар ба рақобат пардохтанд, ки Алиасғари Шуъоӣ аз Эрон, аввал шуд ва ду қорӣ аз Миср ва Афғонистон рутбаҳои дувум ва севумро аз они худ карданд.

Қориёни Лубнон ва Ироқ низ дар ин мусобиқот рутбаи чаҳорум ва панҷумро касб карданд.

 

Барчасп