Июн 16, 2018 17:49 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби шикасти Марокаш аз Эрон дар расонаҳои арабӣ

Шикасти тими милли футболи Марокаш дар баробари Эрон дар бозии нахусти гурӯҳи “B”-и Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия, бозтоби густурдае дар расонаҳои ҷаҳони араб дошт.

Шикасти Марокаш баробари Эрон сеюмин шикасти тимҳои арабӣ баробари ҳарифон дар Ҷоми ҷаҳонӣ пас аз бохти сангин 5-0 Арабистон ба Русия ва бохти Миср ба Уругвай буд ва бозтоби бисёре дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии арабӣ дошт.

Сойти рӯзномаи “Ал Явм 24”-и Марокаш бо интихоби титри «Голи маргбор боиси шикасти Марокаш дар бозии нахусти Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия шуд», навишт, Марокаш бо вуҷуди фурсатҳои фаровон натавонист ба муваффақияте баробари Эрон, даст ёбад ва ҳариф ба лутфи гол ба худии Марокаш ба пирӯзӣ расид.

Сойти “Оҷил”-и Арабистон низ титри «Фурӯ рехтани Марокаш бо оташи дӯст»- ро баргузид ва дар матлаби худ овард, Марокаш фурсатҳои зиёдеро аз даст дод ва саранҷом бо гол ба худӣ дар дақиқаи панҷуми вақтҳои изофа, шикаст баробари Эронро пазиро шуд.

Рӯзномаи “Ал Риёзия”-и Арабистон ҳам шикасти тими миллии футболи Марокашро дар садри ахбори сафҳаи нахусти сойти худ қарор дод ва навишт, Марокаш дар бозии нахуст, яке аз сахттарин гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русия бо дастони холӣ берун омад.

Рӯзномаҳои “Estadaldoha” ва “ал Ватан”-и Қатар низ шикасти Марокаш бо гол ба худиро фоҷиабор ва бахти Марокашро барои сууд, тақрибан ҳеҷ арзёбӣ карданд.

Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бисёре аз корбарони аҳли Арабистон, ки ба сабаби бохти сангини тимашон баробари Русия, мавриди тамасхури дигар корбарони араб ба хусус мисриҳо ва марокашиҳо қарор гирифта буданд, бохти Марокаш дар баробари Эронро табрик гуфтанд ва онро ҷавоби футбол ба сарзанишкунандагони Арабистон номиданд.

 

Барчасп