Июн 22, 2018 16:13 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Таҳрими Эрон боиси расвоии Трамп мешавад

Имоми ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон гуфт, натиҷаи таҳримҳои эҳтимолии ҷадиди Амрико зидди Эрон расвоие барои Амрико ва шахси Доналд Трамп хоҳад буд.

Оятуллоҳ Муҳаммадалии Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон афзуд: Амрико фақат дар садади таъмини манофеи худ аст ва ба аҳде, ки мебандад ҳаргиз пойбанд нест.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо баён инки Амрико ва ҳамдастонаш аз тамоми имконот ва таҷҳизот барои зарба задан ба инқилоби исломӣ истифода мекунанд, гуфт: Душманони мо фикр мекунанд, ки бо саркӯб ва хунрезӣ метавонанд дар олам қудрати ягона шаванд, аммо сахт дар иштибоҳ ҳастанд, чунки тадбири олам ба дасти онҳо нест ва Худованд мудаббир аст ва Ӯ мехоҳад золимонро нобуд кунад.

Вай афзуд: Душманони Ислом дар ҳоли ҳозир даст ба куштор ва ҳамла ба мардуми Яман, Фаластин ва дигар мазлумони олам мезананд, ба умеди ин ки ҳукуматашон пойдор бимонад, дар ҳоле ки танҳо ба самти нобудӣ ҳаракат мекунанд.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ ҳамчунин бо ишора ба ҷудо кардани садҳо кӯдаки муҳоҷир аз волидайнашон дар чорчуби сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии Доналд Трамп, гуфт: Моҳияти Трамп ва сардамдорон Амрико, зулм, ситам ва ҷиноят аст.