Посухи дандоншикани сармураббии тими Эрон ба испониёиҳо
Сармураббии тими миллии футболи Эрон бо баёни ин ки “мо бозии покеро дар баробари Испания ироа додем” , интиқоди испониёиҳоро бо изҳориназари дандоншикан посух дод.
Ба гузориши “Спутник”, дар бозии Эрон дар баробари Испания, ҳариф ба сахтӣ тавонист бо танҳо голи Диего Коста, тими миллии футболи Эронро шикаст диҳад.
Пас аз поёни ин дидор, бозикунони ин тим, аз ҷумла Даниел Карвахал ба интиқод аз рӯйкарди бозикунони тими Эрон пардохтанд ва гуфтанд, Эрон дар ин дидор ба вақткушӣ (гузаронидани вақти бозӣ) пардохтааст.
Ин изҳороти бозикунони Испания бо вокуниш ва посухи дандоншикани Карлос Кейруш рӯбарӯ шуд.
Сармураббии тими Эрон дар ин бора гуфт, “Ба назари ман Карвахал набояд то ин андоза аз бозикунони Эрон интиқод кунад ва ҳавосаш ба ҳамтимиҳояш дар финали лиги қаҳрамонони Аврупо ва балое, ки сари бозикуни мисрӣ оварданд, бошад”.
Ишорае, ки равиши бархурди Сурхио Рамос буд, ки бо ба замин андохтани Муҳаммад Салоҳ боиси масдумияти ин ситораи мисрии Ливерпул шуд ва хуруҷи вай аз бозии финал дар ниҳоят шикасти Ливерпулро рақам зад.