Сентябр 05, 2016 12:37 Asia/Dushanbe
  •  Эрон фоҷеаи Миноро пайгирии ҳуқуқӣ мекунад

Муовини умури байналмилали Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон аз пайгирии ҳуқуқии фоҷеаи Мино аз тариқи вакилони хориҷӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", Козими Ғарибободӣ, муовини умури байналмилали Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон бо ишора ба фаро расидани солгарди фоҷеаи Мино гуфт, Вазорати умури хориҷаи Эрон бо кӯмаки дастгоҳҳои марбут аз тариқи вакилони хориҷӣ, пайгири шикояти қурбониёни фоҷеаи Мино, зидди давлати Арабистон аст.

Ғарибободӣ бо интиқод аз ин ки Арабистон то кунун як комиссияи таҳқиқ ва ё маҳкама барои расидагӣ ба фоҷеаи Мино ташкил надодааст, афзуд: "Арабистон бар хилофи тааҳҳудоти худ натавонист саломат ва амнияти ҳоҷиёнро таъмин кунад ва то кунун хисороти хонаводаҳои қурбониён низ ҷуброн нашудааст".

Муовини умури байналмилали Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон гуфт, то замони пайгирии ҳуқуқии парванда, бояд мавзӯи фоҷеаи Мино зинда нигаҳ дошта шавад ва дар маҷомеи ҳуқуқи башарӣ ва созмонҳои байналмилалӣ абъоди он барҷаста шавад.

Ҳазорон зоир, аз ҷумла 464 зоири эронӣ рӯзи Ид Қурбони соли гузашта (24 сентябри соли 2015) ва дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамини Мино, ба далели ноуҳдабароии масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.

 

Барчасп