Роҳандозии коридори байналмилалии ҳамлу нақли Чин – Қазоқистон – Эрон
(last modified Tue, 26 Jun 2018 07:03:42 GMT )
Июн 26, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии коридори байналмилалии ҳамлу нақли Чин – Қазоқистон – Эрон

Коридори байналмилалии ҳамлу нақли таркибии Чин – Қазоқистон – Эрон имрӯз бо қабули як киштии эронӣ ва бо ҳузури Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бандари Каспиани минтақаи озоди Анзалӣ (шимол Эрон) роҳандозӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Ризо Масрур, мудири кулли минтақаи озоди Анзалӣ дар маросими роҳандозии ин коридори байналмилалӣ гуфт, бо роҳандозии коридори байналмилалии ҳамлу нақли Чин – Қазоқистон – Эрон зимни афзоиши зарфияти мубодилоти тиҷорӣ байни кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар имкони коҳиши замони ҳамлу масрафҳои мубодилот ҳам муҳаққақ шуд. Масрур бо ишора ба ин ки ин киштии паҳлугирифта ҳомили 40 контейнер лавозими ядакии худрав аст, афзуд, ин маҳмула пас аз тайи масири таркибии рейлӣ – баҳрӣ дар бандари Каспиан тахлия мешавад.

Мудири кулли минтақаи озоди Анзалӣ бо ишора ба сохти муҷтамаи бандари Каспиан хотирнишон кард, бо сохти комили ин бандар минтақаи озоди Анзалӣ ба маҳалле барои додуситади коло ва мубодилоти бахше аз тавлидоти Чин ба кишварҳои ҳамсояи ғарбии Эрон ва баръакс табдил мешавад.