Июн 27, 2018 18:26 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Узбакистон дар масири афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ

Эрон ва Узбакистон метавонанд дар масири афзоиши ҳамкории миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шуракои қобили эътимоде барои якдигар бошанд.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо Виктор Маҳмудов, дабири Шӯрои амнияти миллии Узбакистон, ки барои дидори расмӣ ба Теҳрон сафар кардааст, бо баёни ин нукта, омодагии ҷумҳурии исломии Эронро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои сиёсӣ, амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фанноварӣ бо Узбакистон эълом кард.  

Зарурати муқобилаи ҳамаҷониба бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ ба унвони муъзалоти муштараки минтақа, аз меҳварҳои муҳими гуфтугӯҳои дабирони Шӯрои олии амнияти милли Эрон ва Узбакистон дар Теҳрон буд.  

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар ин замина, тавсеаи буҳронҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон ва амалкарди ноамнкунандаи аъзои НАТО дар ин кишварро бисёр нигаронкунанда донист.

Шамхонӣ бо ишора ба аҳдофи Амрико дар минтақа аз мудирият ва баҳрабардории абзорӣ аз терроризм ба унвони сиёсати роҳбурдии Амрико ном бурд.

Шаиб Баҳман, коршиноси масоили сиёсии ҳавзаи Осиёи Марказӣ мегӯяд: Раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна тамоюл доранд, бо Эрон, ки бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ муборизаи ҷиддӣ дорад, вориди музокира ва таомул шаванд.  

Суханони дирӯзи Ғуломалии Хушру, намояндаи Эрон дар Созмони милал дар нишасти одии се моҳонаи Шӯрои амният бо унвон "вазъият дар Афғонистон" дар ин замина қобили таваҷҷуҳ аст.

Хушру терроризм ва ифротгароиро на фақат таҳдиде алайҳи Афғонистон, балки таҳдиде ҷиддӣ барои сулҳ ва амният дар минтақа донист ва таъкид кард: Эрон эътиқод дорад, ки дар мубориза бо терроризм набояд нерӯҳои ДИИШ ва гурӯҳҳои вобаста ба онро дастикам гирифт.

Аз ин руст, ки ҳамкории кишварҳои минтақа барои муқобила бо терроризм дар минтақа як зарурат аст .