Июн 28, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Паёми сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллии тоҷикон

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бахшида ба солрӯзи Ваҳдати миллии тоҷикон баёнияи муҳимме содир намуд. Матни ин баёния ба шарҳи зер аст:

Ба номи Худо

Дар  солрӯзи рӯйдоди муҳим ва таърихии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон моилам самимонатарин табрикоти худро ба Давлату миллати азизи Тоҷикистон ба хотири ин рӯйдоди сарнавиштсоз иброз намоям.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз миёнҷигарони аслӣ ва тазминкунандагони сулҳи Тоҷикистон, ки нақши мусбати он дар амалӣ шудани оштии миллии тоҷикон бар касе пӯшида нест ва борҳо дар тайи ду даҳҳаи гузашта мавриди тасдиқи мақомот ва бузургони Тоҷикистон қарор гирифтааст, бар ин бовар аст, ки амният ва шукуфоии кунунии Тоҷикистон маҳсули ваҳдати миллӣ ва ҳамдилӣ будааст. Умедворем ин кишвари ҳамкеш, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг бо сарлавҳа қарор додан ва пайгирии ҷиддии усули тиллоии ваҳдат ҳамчунон бо дасти рад задан ба синаи мунодиёни тафриқагароӣ, масири тавсеа ва суботро бидуни таваққуф бипаймояд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишваре, ки ҳеч гоҳ лаҳзае дар қиболи дӯстӣ ва бародарӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тардиду диранг нанамудааст, ваҳдатро ба манзалаи калиди муваффақият на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои тамоми ҳампайвандон ва хешовандони минтақавӣ ва мусулмонони ҷаҳон медонад ва муътақид аст, ки зарурати ҳифзи ин ваҳдат дар сатҳҳои мухталиф, муқовимат бо таҳаррукоти душманон ва бегонагоне аст, ки бо мақсадҳои нопок ва ботили худ дар пайи тарвиҷи тафаккуроти такфирӣ ва ихтилофафканӣ миёни миллатҳои минтақа, бавижа форсзабонон ҳастанд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ