Июн 29, 2018 16:12 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Душман дар зарба задан ба мардуми Эрон ноком мемонад

Имоми ҷумъаи Теҳрон гуфт: Душман дар зарба задан ба сангарҳои иззат ва муқовимати Эрон ноком хоҳад монд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Саддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Иқтидори Эрон дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла пешрафтҳои мушакӣ ва илмӣ сабаби асабонияти душман шудааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни инки мушакҳои Эрон ҷанбаи боздорандагӣ доранд, таъкид кард: Дар ҳашт соли ҷанги режими Баъси Ироқ бо Эрон, шаҳрҳои мухталифи кишвар ҳадафи ҳамлаҳои душман қарор гирифт ва акнун Эрон бо тавлиди мушак барои дифоъ аз худ, сабаб шудааст душманон ба ҳамлаи низомӣ зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон фикр накунанд.

Саддиқӣ бо ишора ба таҳримҳои Амрико зидди Эрон низ гуфт: Мардуми Эрон ҳаргиз таслими тавтиаҳои душманон нахоҳанд шуд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сиддиқӣ ҳамчунин бо ишора ба муқобилаи Эрон бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ гуфт: Муборизаи Эрон бо гурӯҳҳои террористӣ сабаби барқарории амният дар ҷаҳон шуд, аммо душманон дар пайи аз байн бурдани ин дастовард ҳастанд.