Вақте эрониҳо рӯйи ҷопониҳоро кам мекунанд
Эрониҳо пас аз бозии ду тими Эрон ва Португалия (Пуртуғол) ба тамиз кардани стадион пардохтанд.
Ба гузориши “Спутник”, пас аз итмоми бозии ҷаззоби ду тими Эрон ва Португалия, ки бо натиҷаи тасовии 1 бар 1 ба поён расид, эрониҳо ба ҷамъоварии партовҳои хӯрокии воқеъ дар стадиони “Мордовия” дар шаҳри Саранск пардохтанд.
Ин ҳаракат, ки аз қабл бо номи “маъракаи ҷамъоварии партов дар стадион” ҳамоҳанг шуда буд, рӯзи бозӣ ба вуқуъ пайваст.
Ҷолиб аст бидонед, ки коркунони стадион зимни мушоҳидаи ин ҳаракат аз тарафи ҳаводорони эронӣ, зимни ташаккур аз онҳо иброз мекарданд, ки “ин вазифаи мост ва шумо ниёзе нест ин корро анҷом диҳед”.
Бисёре аз корбарон бо истиқбол аз ин ҳаракат гуфтанд, фарҳанги эронӣ - фарҳанги бисёр ғанӣ аст.
Иддае аз корбарон низ гуфтанд, ки ҳама ҷо аз фарҳанги ҷопониҳо таъриф ва тамҷид мешавад, ҳол он ки фарҳанги эронӣ низ камтар аз он нест ва ҳаводорони эронӣ онро ба беҳтарин шакл исбот карданд.
Пеш аз ин ҳам шаҳрдори Санкт-Петербург тамошогарони эрониро ба хотири риояти покизагӣ таҳсин карда буд.
Кумитаи ҳифзи покизагии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар иттилоияе, ки дар пойгоҳи интернетии худ мунташир кард, навишт: “Тарафдорони ду тими Эрон ва Марокаш назм ва диққати болое дар рафтори худ доштанд ва партовҳоро дар маконҳои вижае, ки дар назар гирифта шуда буд, рехтанд”.