Рӯҳонӣ: Таҳримҳои Амрико ҷурми байналмилалӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36408-Рӯҳонӣ_Таҳримҳои_Амрико_ҷурми_байналмилалӣ_аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳримҳои Амрико зидди Эронро ҷурми байналмилалӣ хонд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 05, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Таҳримҳои Амрико ҷурми байналмилалӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳримҳои Амрико зидди Эронро ҷурми байналмилалӣ хонд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамоиши фаъолони иқтисодӣ ва тоҷирони Эрону Австрия таҳрими Амрико зидди Эронро таҳрим зидди миллати Эрон, эҷоди мушкил барои зиндагӣ ва рифоҳи мардум баршумурда гуфт, ин иқдоми давлати Амрико як навъ ҷурм, зулм ва таҷовуз ба ҳуқуқи миллатҳост.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Эрон ва Австрия мусаммам ҳастанд, тавофуқи ҳастаӣ ва БарҶОМ-ро, ки музокироти аслии он дар Швейтсария ва Австрия сурат гирифт, побарҷо нигаҳ доранд, афзуд, имрӯз қудратҳо мехоҳанд инсонҳоро аз ҳуқуқу манофеи миллии худ маҳрум кунанд ва ин бар уҳда давлатҳост, ки дар баробари беқонунӣ ва якҷонибагароӣ истодагарӣ кунанд ва дар баробари фишорҳо таслим нашаванд. Рӯҳонӣ гуфт, иродаи давлату миллати Эрон ва Австрия дар 160-умин солгарди равобити сиёсии ду кишвар фурсати муносибе аст зидди қудратҳое, ки мехоҳанд ҷомеаи инсониро аз ҳуқуқи худ маҳрум кунанд.

Раиси қувваи муҷрияи Эрон бо таъкид бар ин ки асоси тиҷорату равобити иқтисодӣ бар мабнои бурд-бурд буда ва равобити кишварҳо бояд манофеи муштаракро таъмин кунад, таъкид кард: “Асоси тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам кардани колои мавриди ниёзи мардум дар шароити саҳлтар ва эҷоди рифоҳ барои онҳост”.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби чаҳоршанбе ба дидори расмии худ аз Австрия поён дод ва Венаро ба мақсади Теҳрон тарк кард.