Сабти ҷаҳонии манзари бостонии Соcониён дар ЮНЕСКО
Манзари бостонии Сосонӣ дар устони Форс (ҷануб Эрон) ба унвони бисту сеюмин асари Эрон дар мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, дар чиҳилу дуюмин иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО манзари бостонии Соcониён сабти ҷаҳонӣ шуд.
Арзёбони Шӯрои байналмилалии биноҳо ва муҳавватаҳо ба унвони бозуи мушовири ЮНЕСКО (Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милал Муттаҳид) авохири сентябри соли 2017 бо ҳадафи баррасии майдонии парвандаи сабти ҷаҳонии осори таърихии устони Форс, мутааллиқ ба давраи Соcониён дар ин устон ҳузур ёфтанд.
Кумитаи мероси ҷаҳонӣ (The World Heritage Committee)-и ЮНЕСКО ҳамасола нишасти умумие дар кишварҳо ва шаҳрҳои гуногун барои баррасӣ ва сабти осори муаррифишуда дар “Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ” баргузор мекунад. Пеш аз ин низ 22 асари эронӣ, аз ҷумла Тахти Ҷамшед, Биёбони Лут (Дашти Лут), воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон ва қанот (корез)-ҳои таърихии Исфаҳон сабти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шудааст.