Июл 07, 2018 14:26 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои ҳукми эъдоми авомили ҳамалоти террористии соли 2017 дар Теҳрон

Ҳукми эъдоми ҳашт нафар аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ-и муртабит бо ҳамла ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон, бо риояти меъёрҳои шаръӣ ва қонунӣ иҷро шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, дар ҳамалоти афроди вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ) дар ҳафтуми июни соли 2017 дар Теҳрон, 17 нафар шаҳид ва шуморе низ захмӣ шуданд.

Ин ҳашт нафар бо авомили аслии шаҳид ва маҷрӯҳ кардани теъдоде аз эрониёни бегуноҳ дар ҳамла ба сохтмони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамкории мустақим дошта ва бо илму огоҳӣ аз ҳадаф ва қасди авомили гурӯҳи террористии ДИИШ, ононро пуштибонии молӣ ва таслеҳотӣ кардаанд.

Раиси Додгоҳҳои инқилоби исломии Теҳрон пеш аз ин эълом карда буд, муҳокимаи авомили террористӣ дар ҳафт ҷаласа баргузор шуд, ки ҳашт нафар ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар “ифсод фил арз” (фасод дар рӯйи замин), ба эъдом маҳкум шуданд.