Қосимӣ: Ҳама кишварҳо бояд ба падидаи ҳавлноки тағйироти иқлим таваҷҷуҳ кунанд
(last modified Tue, 10 Jul 2018 08:46:44 GMT )
Июл 10, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Ҳама кишварҳо бояд ба падидаи ҳавлноки тағйироти иқлим таваҷҷуҳ кунанд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон хостори таваҷҷуҳи ҷиддии ҳама кишварҳо ба тағйироти обуҳавоӣ, иқлим ва иҷрои тааҳҳудоти худ дар заминаи муқобила бо ин падидаи ҳавлнок шуд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон бо ибрози таассуф аз марги даҳҳо тан дар Канада бар асари гармо ва ҳамдардӣ бо мардуми ин кишвар гуфт, падидаи тағйироти обуҳавоӣ солона ҷони ҳазорон инсон, гиёҳ ва ҷонварро мегирад ва ояндаи заминро бо чолиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Қосимӣ бо  қабеҳ хондани хурӯҷи Амрико аз муоҳидоти байналмилалие чун Паймони обуҳавои Париж бар лузуми пойбандии кишварҳои бузурги саноатӣ дар иҷрои тааҳҳудоти худ дар заминаи муқобила бо тағйироти обуҳавоӣ ва иқлим таъкид кард.

Паймони обуҳавоии Париж як тавофуқномаи байналмилалӣ ҷиҳати иқдоми ҳамоҳанг барои ҳифзи курраи Замин аст, ки дар соли 2016 ба имзо расид, вале Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико моҳи июни соли 2017 эълом кард, ки кишвараш аз ин тавофуқ хориҷ мешавад.

 

Барчасп