Июл 12, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори Вилоятӣ бо раисҷумҳури Русия

Мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал, паёми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва раисҷумҳури Эронро ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таслим кард.

Алиакбари Вилоятӣ дар иқоматгоҳи раисҷумҳури Русия дар минтақаи Ново-Огарёво бо Владимир Путин дидор ва паёми шифоҳии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва паёми катбии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эронро таслими вай кард.  

Вилоятӣ пас аз дидор бо раисҷумҳури Русия эълом кард: Равобити мустаҳками ду кишвар дар оянда низ беш аз пеш густариш меёбад.

Ӯ дар хусуси музокироти худ бо Путин низ тасреҳ кард: Владимир Путин бар густариш равобити нафтии ду кишвар ва афзоиши сармоягузорӣ дар саноеи нафт ва гази Эрон то сақфи 50 миллиард доллар таъкид дорад.

Ин рақами сармоягузорӣ метавонад ҷойгузини хубе барои ширкатҳои ғарбӣ бошад, ки Эронро тарк карданд.

Мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал бо ишора ба ҳамкориҳои ҳастаии Эрон ва Русия афзуд:​ Ду реактори ҳастаӣ тавассути русҳо дар ҳоли сохт аст, ки раисҷумҳури Русия аз ҷузъиёти мароҳили мухталифи он дар Эрон иттилоъ дорад.

Вилоятӣ ҳамкорӣ дар тавсеаи роҳи оҳанро аз дигар меҳварҳои музокироташ эълом кард ва афзуд: Раисҷумҳури Русия ҳамчунин бар сармоягузорӣ дар тарҳи каридори шимол-ҷануб таъкид кард.  

Мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал гуфт: Иҷлоси марбут ба Сурия бузудӣ бо ҳузури сарони кишварҳои Эрон, Русия ва Туркия дар Теҳрон баргузор мешавад.