Июл 14, 2018 17:10 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Аксари кишварҳои ҷаҳон эълом карданд аз қонуни дохилии Амрико пайравӣ намекунанд

Раисҷумҳури исломии Эрон эълом кард: Давлати Эрон, гуфтугӯҳои хубе бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, Чин ва Русия, кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои муҳим осиёӣ доштааст ва аксарияти онҳо эълом карданд, аз қонуни дохилии Амрико табаият намекунанд.

Ҷаласаи раисони қувои муҷрия, мақнана ва қазоияи Эрон бо меҳвари баррасии муҳимтарин масоили ҷории Эрон аз ҷумла масоили иқтисодӣ ва таҳримҳои ғайриқонунии Амрико баргузор шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар поёни нишасти сарони қуво, дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба инки раванди таомули иқтисодии Эрон бо кишварҳои дигар, ҳамонанди гузашта идома меёбад, тасреҳ кард: Масир ва сиёсати Амрико нисбат ба Эрон, минтақа, ҷаҳони ислом ва ҳатто муттаҳидонаш қобили идома нест.  

Рӯҳонӣ бо ишора ба эътирозоти мардумӣ дар Лондон ҳамзамон бо сафари Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Англия таъкид кард: Сиёсати ҳокимони Амрико на танҳо дар қиболи миллати Эрон балки нисбат ба дигар миллатҳо ва ҳатто муттаҳидонаш, моҷароҷуёна ва ғайриқонунӣ аст.

Вай бо баёни инки таҳримҳои Амрико бо ҳадафи фишор бар миллати Эрон тарроҳӣ шудааст, тасреҳ кард: Давлати Вашингтон, беш аз пеш дар миёни мусулмонон ва кишварҳои дар ҳоли тавсеа, манфур аст ва ҳатто дар дохили Амрико низ бо мушкилоте рӯ ба рӯ аст.

 

Барчасп