Июл 14, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Маъсума (с) муборак бод

Эрони исломӣ дар шаби солрӯзи вилодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (а), хоҳари ҳазрати имом Ризо (а) ғарқ дар шодӣ аст.  

Фардо якшанбе, аввали зилқаъдаи соли 1439 баробар бо 15 июли 2018, солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати Фотимаи Маъсума (а), духтари гиромии ҳазрати Мусо ибни Ҷаъфар (а) ва хоҳари гиромии ҳазрати имом Ризо (а) аст.  

Ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) дар аввали зилқаъдаи 173 ҳиҷрии қамарӣ, дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуданд.  

Ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) мазҳари фазоил буданд.

Дар шаби милоди каримаи аҳли байти исмат ва таҳорат (а), Ҳазрати Фотимаи Маъсума (с), ҳарами мутаҳҳари эшон дар шаҳри муқаддаси Қум, ҷануби Теҳрон , ғарқ дар ҷашн ва сурур аст.  

Мардуми Қум ва шаҳри муқаддаси Машҳад бо чароғонии сари дари мағозаҳо, хонаҳо, масоҷид ва такоё ва пахши ширинӣ ба шодмонӣ мепардозанд

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Фотимаи Маъсума (с)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) табрик ва таҳният мегӯяд.