Июл 16, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Мақоми Созмони милал: Эрон нақши таъинкунандае дар барқарории сулҳи ҷаҳонӣ дорад

Раиси маркази иттилооти Созмони милал дар Теҳрон, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора дар барқарории сулҳ ва оромиш дар ҷаҳон нақши таъинкунандае дошта ва намунаҳои он дар асноди таърихӣ ва ҳуввиятии Эрон машҳуд аст.  

Мария Дотсенко, дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳи акс ва асноди таърихӣ дар Ароки Эрон изҳор кард: Тасовири ба намоиш даромада дар ин намоишгоҳ, завоёе аз фарҳанг ва тамаддун ва нақши ҷумҳурии исломии Эрон дар фаъолиятҳои сулҳомезро дар ҳамкорӣ бо Созмони милал дар тӯли чаҳор даҳаи гузашта нишон медиҳад.

Вай афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора ҳамкории танготанагеро дар масири барқарории сулҳи ҷаҳонӣ бо Созмони милал дошта ва ин фаъолитҳо дар ҳоли афзоиш аст.

Дотсенко хотирнишон кард: Эрон дар зумраи 50 кишвари нахусти ҷаҳон аст, ки дар Созмони милал узвият ёфт.

 

 

Барчасп