Июл 16, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Муҳтавои музокироти Вилоятӣ бо раисҷумҳури Русия мунташир нашудааст

Сухангуи вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Муҳтавои музокироти мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал бо раисҷумҳури Русия мунташир нашудааст.  

Баҳроми Қосимӣ бо ишора ба дидори Алиакбари Вилоятӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва иртиботи он бо дидори имрӯзи раисони ҷумҳури Русия ва Амрико дар Ҳелсинкии Финляндия афзуд: Ин дидор иртиботе бо масоили марбут ба Эрон надорад ва Теҳрон ҳеҷ гуна паёме барои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико надорад.  

Вай тасреҳ кард: Муҳтавои музокироти дусоатаи Вилоятӣ дар Русия мунташир нашудааст ва ончи дар расонаҳо матраҳ шуд, муҳтавои аслии музокирот нест.

Сухангуи вазорати хориҷаи Эрон бо эъломи инки сафари Вилоятӣ ба Маскав бо ҳамоҳангии вазорати хориҷа ба унвони фиристодаи вижаи раисҷумҳур сурат гирифт, афзуд: Дар дидори мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо раисҷумҳури Русия масоили мухталиф дар заминаҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ матраҳ шуд.  

Қосимӣ дар посух ба саволи хабарнигори бурунмарзӣ дар бораи сафари имрӯзи Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии Вазорати хориҷаи Эрон ба Ҳинд ва эҳтимоли музокира бо мақомоти ин кишвар дар бораи содироти нафти Эрон ба он кишвар пас аз таҳримҳои Амрико гуфт: Сафари Ироқчӣ ба Ҳинд дар чорчуби дидорҳои сиёсии давраӣ ва мураттаб аст, ки бо бисёре аз кишварҳо дар тӯли сол ва ба навбат баргузор ва дар бораи масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар мешавад.

Вай таъкид кард: Ҳинд аз шарикони бособиқа ва дерина аст ва ду кишвар равобити густарда ва матлубе бо якгдигар доранд.  

Сухангуи дастгоҳи дипломатияи Эрон дар ин ҳол таъкид кард: Фурсати зиёди тасмимгирӣ барои Аврупо ва кишварҳои боқимонда дар Барҷом нест ва қатъан наметавон иқтисоди ҷумҳурии исломии Эронро дар гарави тасмимгирии дигар шарикони боқимонда дар БАРҶОМ талаф кард.

 

Барчасп