Июл 17, 2018 17:01 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷамъи 15 кишвари бартари ҷаҳон дар тавлиди илм

Сарпарасти пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом Isc гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон бо сабти беш аз 25 ҳазору 500 мадрак дар пойгоҳи истинодии isi барои нахустин бор, дар зумраи 15 кишвари бартари ҷаҳон аз манзари тавлиди илм қарор гирифт.  

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, сарпарасти пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом афзуд: Баррасӣ ва таҳлили ҷадидтарин додаҳои истихроҷшуда аз пойгоҳи истинодии web of science дар 6 моҳаи нахусти 2018 дар бораи тавлидоти илмии Эрон ҳокӣ аз амалкарди мунҳасир ба фарди пажуҳишгарон ва донишмандони эронӣ дар нимаи нахусти соли ҷорӣ аст.

Деҳқонӣ тасреҳ кард: Дар охирин додаҳои истихроҷӣ аз муътабартарин пойгоҳи истинодӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон рутбаи нахусти тавлиди илмро дар ҷаҳони ислом касб карда ва беш аз 22 дарсад аз кулли тавлидоти илмии кишварҳои исломиро ба худ ихтисос додааст.

 

Барчасп