Таъкиди Раҳбари инқилоб ба муборизаи рӯҳонён бо динзудоӣ
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аввалин ва муҳиммтарин вазифаи рӯҳонёнро «мубориза бо нақшаи динздоӣ ва иффатзудоӣ» донистанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ имрӯз ҳамзамон бо оғози соли таҳсили ҷадиди ҳавзаҳои илмӣ дар ибтидои ҷаласаи дарси толибилмони динӣ бо ишора ба вуҷуди барномаҳои густурда барои инҳирофи зеҳну дили мардум ва ҷавонон аз асли дин таъкид карданд, ҳавзаҳои илмӣ ва рӯҳонён бояд бо шинохти фазои маҷозӣ ва истифода аз фурсатҳои он, маорифу мафоҳими исломиро баён кунанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид ба аҳамият вазифашиносӣ ва мавқеъшиносӣ дар кори таблиғу баёни масоили динӣ таъкид карданд: "Агар вазифа ба дурустӣ шинохта нашавад, илм, тақво ва ҳатто шуҷоат низ асари мусбат ва мавриди интизоре нахоҳад дошт". Эшон бо ишора ба масрафҳои зиёд ва барномарезиҳои фаровон алайҳи имону эътиқоди мардум гуфтанд, душман аз тариқи ривоҷи шубҳа, ҳамчунин тавлиди муҳтавое зидди иффату ҳаё ба дунболи инҳирофи ҷавонони муъмин ва солим аз асли дин ва даронидани пардаҳои ҳаёст ва имрӯз ин кор дар бистари фазои маҷозӣ анҷом мешавад.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ муқобила бо ин нақшаро аввалин ва муҳимтарин вазифаи рӯҳоният хонда афзуданд: "Ҳавзаҳои илмӣ ва доноёни мазҳаб бояд қобилияти мувоҷеҳ шудан бо лашкари азими душманро дар худ эҷод кунанд". Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, фазои маҷозӣ ба сурати тавъам дорои фоидаву зарарҳои бешуморе аст, ки бояд бо истифода аз фурсатҳои он мафоҳими исломиро дар сатҳи густурда тарвиҷ кард.