Июл 21, 2018 17:43 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Ҳузур дар минтақа ҷузъи аносури қудрат ва амнияти Эрон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори сафирон, кордорон ва масъулони Вазорати хориҷаи Эрон гуфтанд: Ҳузури минтақаӣ ҷузъи аносури қудрат ва амнияти Эрон аст ва ақбаи роҳбурдии ‏кишвар маҳсуб мешавад, ба ҳамин иллат душманон бо он мухолифанд. ‏

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, мухолифати Амрико бо тавони ҳастаӣ ва қудрати ғанисозии боло ва низ ҳузури Эрон дар минтақаро ношӣ аз душмани амиқи онҳобо омилҳои иқтидори низоми исломӣ баршумурданд ва гуфтанд: Амрикоиҳо ба дунболи бозгашт ба мавқеият ва ҷойгоҳи худ дар Эрони қабл аз инқилоби исломӣ ҳастанд ва ба камтар аз ин ҳам розӣ нахоҳанд шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ густариши иртибототи чандҷониба ва ба вижа дуҷониба ва таваҷҷуҳи хос ба ташаккулҳои минтақаиро зарурӣ хонданд ва афзуданд: Сафирон ва намояндагони Эрон дар хориҷ бояд ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои миллат ва кишвар комилан огоҳ бошанд.

Эшон бо ишора ба ҷиноятҳои аврупоиҳо ва ғарбиҳо дар гузашта ва имрӯз гуфтанд: Ғарбиҳо мазҳари нақзи ҳуқуқи башар ҳастанд, аммо бо вақоҳати тамом, Эронро муттаҳам мекунанд ба гунае, ки гоҳ инсон аз шиддати вақоҳати онҳо ҳайрат мекунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ба таъкиди мукаррари масъулони эронӣ бар қобили эътимод набудани Амрико ишора карданд ва афзуданд: “Банда аз қадим ин нуктаро хотирнишон мекардам, ки рӯи ҳарф ва ҳатто имзои амрикоиҳо наметавон ҳисоб кард, бинобарин музокира бо Амрико ҳеҷ фоидае надорад”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ фаъол кардани зарфиятҳои истифоданашуда ё камистифодашуда дар Эронро муҳим донистанд ва гуфтанд: Музокира бо аврупоиҳо қатъ нашавад, аммо набояд маътали бастаи аврупоӣ монд, балки бояд корҳои фаровони лозим дар дохили кишварро дунбол кард.