Рӯҳонӣ хитоб ба Трамп: Бо думи шер бозӣ накун
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36810-Рӯҳонӣ_хитоб_ба_Трамп_Бо_думи_шер_бозӣ_накун
Раисҷумҳури исломии Эрон хитоб ба раисҷумҳури Амрико гуфт: Оқои Трамп! Бо думи шер бозӣ накун, посухи Эрон пушаймонкунанда аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 22, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ хитоб ба Трамп: Бо думи шер бозӣ накун

Раисҷумҳури исломии Эрон хитоб ба раисҷумҳури Амрико гуфт: Оқои Трамп! Бо думи шер бозӣ накун, посухи Эрон пушаймонкунанда аст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, дар ҳамоиши раисони намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аз кишвар, ки дар Теҳрон баргузор шуд, афзуд: Имрӯз касе дар Амрико сари кор омада, ки на танҳо мехоҳад, бо давлати пеш аз худ биҷангад, балки бо манофеи ҳамаи дунё дар ситези доимӣ аст.

Ба гуфтаи вай, ин масъала на танҳо барои Эрон, балки барои ҳамаи ҷаҳон як хатар аст, ки албатта дар дили он фурсатҳои бузурге низ вуҷуд дорад.