Июл 22, 2018 19:20 Asia/Dushanbe
  • Содироти беш аз 3 миллиард долларии маҳсулоти петрошимии Эрон

Ширкати миллии саноеи петрошимии Эрон, эълом кард: Панҷ миллиону 356 ҳазор тонна маҳсули петрошимӣ ба арзиши се миллиарду 158 миллион доллар аз 21 март то 21 июни 2018 содир шудааст.

Муҷтамаъҳои петрошимии Эрон аз 22 май то 21 июни соли ҷорӣ низ беш аз як миллиону 737 ҳазор тонна маҳсул ба арзиши беш аз 962 миллион долларро содир карданд.

Соли 2017 ҳудуди 20 миллион тонна маҳсули петрошимии Эрон ба арзиши 13 миллиард доллар равонаи бозорҳои масраф шудааст.

 

Барчасп