Июл 25, 2018 18:51 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти сарбози ҳахоманишӣ ба Эрон бо ҳукми додгоҳи Ню-Йорк

Додгоҳе дар Ню-Йорки Амрико дастури бозгардондани як асари бостонии марбут ба даврони ҳахоманиширо ба Эрон содир кард.  

Қозии додгоҳе дар Ню-Йорк дастур дод, ки нақши барҷастае аз сар як сарбози ҳахоманишӣ ба қидмати беш аз ду ҳазор сол ба Эрон бозгардонда шавад.

Ин асар ба абъоди 20 сантиметр, ки замони сохти он ба 330 то 510 қабл аз милод мерасад, бахше аз як асари сангӣ дар Тахти Ҷамшед будааст.