Фармондеҳи аршади эронӣ: Ҷанг бо Эрон, нобудии Амрико аст
(last modified Thu, 26 Jul 2018 13:30:50 GMT )
Июл 26, 2018 18:30 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи аршади эронӣ: Ҷанг бо Эрон, нобудии Амрико аст

Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт: Оғози ҷанг бо Эрон ба маънои нобудии тамоми имконоти Амрико аст.  

Генерал Қосими Сулаймонӣ бо ишора ба твитти ахири раисҷумҳури Амрико, ки Эронро ба вокунише тунд таҳдид карда буд, хитоб ба Трамп гуфт: Эронро ба иқдоме, ки дар ҷаҳон собиқа надорад, таҳдид мекунед дар ҳоле, ки бояд аз фармондеҳони низомӣ, сиёсатмадорон ва раисони созмонҳои амниятии худ бипурсед, ки дар чанд даҳаи гузашта чи коре тавонистаанд анҷом диҳанд.

Вай афзуд: Поёни ҷангеро, ки Амрико оғоз кунад, Эрон тарсим хоҳад кард.

 

Барчасп