Эрон ба паймони маваддат ва ҳамкории иттиҳодияи АСЕАН пайваст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37071-Эрон_ба_паймони_маваддат_ва_ҳамкории_иттиҳодияи_АСЕАН_пайваст
Санади пайвастани ҷумҳурии исломии Эрон ба паймони маваддат ва ва ҳамкории иттиҳодияи ҷануби шарқи Осиё имрӯз имзо шуд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 02, 2018 10:49 Asia/Dushanbe

Санади пайвастани ҷумҳурии исломии Эрон ба паймони маваддат ва ва ҳамкории иттиҳодияи ҷануби шарқи Осиё имрӯз имзо шуд.  

Дар панҷоҳу якумин Нишасти вазирони хориҷаи иттиҳодияи ҷануби шарқи Осиё АСЕАН, ки дар Сингапур баргузор шуд, Эрон ба таври расмӣ ба паймони маваддат ва ҳамкории иттиҳодияи АСЕАН (TAC) пайваст.

Вазири хориҷаи Эрон, Сингапур, Малайзия, Филиппин, Индонезия, Мянмар, Камбоҷа, Лаос, Ветнам ва Бруней санади пайвастани Эрон ба TAC-ро имзо карданд.