Сипоҳи посдорон баргузории размоиши дарёӣ дар Халиҷи Форсро тайид кард
Август 05, 2018 18:02 Asia/Dushanbe
Размоиши иқтидори дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳафтаи гузашта дар обҳои Халиҷи Форс бо муваффақият баргузор шудааст.
Генерал Рамазон Шариф, сухангуи сипоҳ гуфт: Ин размоиш бо ҳадафи контрол ва муроқибат аз амнияти оброҳи байналмилалӣ ва дар чорчуби барномаи размоишҳои тақвимии солонаи сипоҳ баргузор шуд.
Вай афзуд: Размоиши иқтидори дифоии сипоҳ бо қадрдонии генерал Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли сипоҳ аз ягонҳои нерӯҳои дарёӣ ва ҳавофазои сипоҳ ҳамроҳ шуд ва вай бо ибрози ризоят аз баргузории муваффақ ин размоиш, бар лузуми ҳифз ва иртиқои омодагиҳои ҳамаҷонибаи дифоӣ барои таъмини амнияти пойдори оброҳи роҳбурдии Халиҷи Форс таъкид кард.
Барчасп