Ситоиши "Рейтерс" аз сиёсатҳои амниятии Эрон дар муқобили ДИИШ
(last modified Wed, 07 Sep 2016 07:51:15 GMT )
Сентябр 07, 2016 12:51 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши

Хабаргузории англисии "Рейтерс" навишт, Эрон яке аз се кишвари аслии авлавияти ДИИШ аст, аммо тавониста бо сиёсатҳои печидаи зиддитерроризм, аз ҳамалоти ин гурӯҳ дар амон бимонад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", ин хабаргузории англисӣ навиштааст, ДИИШ то кунун ду ҳадафи аслии худро, ки Фаронса ва Амрико будаанд, ҳадафи ҳамла қарор дода, аммо то кунун дар анҷоми ҳамлае муваффақиятомез алайҳи саввумин ҳадафаш, яъне Эрон номувафақ мондааст.

"Рейтерс" меафзояд: "Эрон фаъолона дар ҳоли набард бо ДИИШ аст ва талошҳои зиддитерроризми Теҳрон муваффақиятомез будаанд, ҳол он ки дар кишварҳои дигар чунин набудааст".

Бар ин асос, Эрон бо тазъифи густариш идеология ва дидгоҳи ДИИШ ва дар ҳамин ҳол, талош барои ҷилавгирӣ аз пешравии ин гурӯҳи террористӣ ба самти хоки ин кишвар, сиёсати дуваҷҳаеро дар қиболи ДИИШ иҷро кардааст".

 "Рейтерс" афзуд, талошҳои Эрон дар кишварҳои ҳамсояи Ироқ ва Сурия низ ором-ором натиҷа додаанд ва сарзаминҳои таҳти ишғоли ДИИШ дар ҳоли коста шудан аст.

Ба навиштаи ин расонаи англисӣ, муваффақияти Эрон дар ҳифзи амнияти дохилӣ дар баробари ДИИШ дар ҳоле аст, ки Эрон бо 900 мил марзи муштарак бо Ироқ, бояд бештар аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар маърази таҳдиди ин гурӯҳи террористӣ бошад, аммо дастгоҳи амниятии Эрон то кунун ин таҳдидро маҳор кардааст.