Нигоҳе ба шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ дар барномаи адабии радиои Эрон
Август 08, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
Бахше аз барномаи ин ҳафтаи “Порсигуён”, ки ҷумъа шабҳо аз радиои Эрон пахш мешавад, ба шеъри Фарзонаи Хуҷандӣ мепардозад.
“Порсигуён” ҷумъаҳо соати 23 ба вақти Эрон аз радиои Эрон пахш мешавад ва дар кишварҳои Афғонистон ва Тоҷикистон низ мухотаб дорад.
Дар барномаи ин ҳафтаи “Порсигуён” парвандае дар бораи Фарзона, шоири тоҷик таҳия шуда, ки ҳамроҳ бо пахши садои шоир ва хониши чанд шеъри ӯ тақдими шунавандагон хоҳад шуд.
Алоқамандони адабиёти форсӣ метавонанд қисматҳои пешини “Порсигуён” ва пахши зиндаи онро дар вебсайти ин барнома ба адреси зер дунбол кунанд:
http://www.radioiran.ir/ProgramHome/?m=017102