Август 09, 2018 20:46 Asia/Dushanbe
  • Эрон куштори кӯдакони донишомӯзи яманиро маҳкум кард

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ҷинояти мутаҷовизони Саудӣ ва иморотӣ дар шимоли Яманро, ки бо бомбборони автобуси мадраса даҳҳо кӯдаки бегуноҳро ба хоку хун кашиданд, маҳкум кард.

Баҳроми Қосимӣ, зимни ибрози ҳамдардӣ бо бозмондагони қурбониёни ин ҷинояти ҷангӣ, аз Созмони милал ва кишварҳои асаргузор хост, то талошҳои худро барои таваққуфи фаврии ҳамалоти мутаҷовизон ба Яман афзоиш диҳанд ва тадобири лозимро барои ҳифозат аз саломат ва амнияти ғайринизомиён ба вижа занон ва кӯдакон ба кор гиранд.

Вай таъкид кард: Шиддат ёфтани бомбборони манотиқи маскунӣ ва аҳдофи ғайринизомӣ аз шикастҳои пай дар паи нерӯҳои эътилоф дар ҷибҳаҳои ҷангӣ нишон дорад.