Август 10, 2018 21:05 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии Сандуқи байналмилалии пул аз тавлиди нохолиси дохилии Эрон

Сандуқи баналмилаллии пул, раванди тавлиди нохолиси дохилии Эронро рӯ ба рушд донист.

Сандуқи байналмилалии пул (IMF) дар гузориши ҷадиди худ эълом кард, тавлиди нохолиси дохилии Эрон (GDP), бар асоси шохиси қудрати харид дар соли 2017 болиғ бар 1644 миллиард доллар буда ва Эрон аз ин назар дар рутба 18 ҷаҳон қарор гирифтааст.

Сандуқи байналмилалии пул ҳамчунин пешбинӣ кард, Эрон дар солҳои 2018, 2019 ва 2020 низ ҳамчунон ҳаҷдаҳумин иқтисоди бузурги дунё боқӣ хоҳад монд.

Дар гузориши Сандуқи байналмилалии пул омадааст, Эрон дар соли 2021 бо пушти сар гузоштани Испания, Арабистон ва Канада ба ҷойгоҳи понздаҳуми иқтисодҳои бузурги дунё, сууд (боло) хоҳад кард.

Бонки Ҷаҳонӣ низ, пештар дар гузорише эълом карда буд, Эрон аз назари мизони тавлиди нохолиси дохили дар сол 2017 ҳаҷдаҳумин иқтисод бузург ҷаҳон будааст.

Тавлиди нохолиси дохилӣ, қобили иттикотарин шохиси иқтисоди як кишвар аст, ки солона, фаслӣ ё моҳона, барои як кишвар, як минтақа ё дар байни чанд кишвари мушобеҳ, андозагирӣ мешавад.

 

Барчасп