Август 12, 2018 13:33 Asia/Dushanbe
  • Cафари Рӯҳонӣ ба Қазоқистон ва ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи Хазар

Панҷумин нишасти сарони кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар имрӯз, якшанбе дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор мешавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи якшанбе, пеш аз тарки Теҳрон ба мақсади Қазоқистон бо ишора ба зарфиятҳо ва фурсатҳои кишварҳои соҳилии баҳри Хазар барои ҳамкорӣ гуфт, иҷлоси сарони кишварҳои соҳилии баҳри Хазар яке аз иҷлосҳои бисёр муҳим дар бораи ин баҳр аст. Раисҷумҳури Эрон бо баёни ин ки баҳри Хазар дорои нафту газ аст, ки метавонад ба унвони пешрони тавсеа бошад, тасреҳ кард, ҳамкории байни кишварҳо дар заминаи истихроҷ, баҳрабардорӣ аз нафт, ҳамчунин свопи нафтӣ ва газӣ аз ҷумлаи мавориде аст, ки ҳамвора байни кишварҳои соҳилии баҳри Хазар баррасӣ мешавад.

Муҳимтарин барномаи иҷлоси сарон имзои баёнияи муштарак ва чандин санади муҳиму роҳбурдии ҳамкорӣ дар ҳавзаи Хазар аст. Баъд аз 25 соли талоши сарони панҷ кишвари соҳилии Хазар (Эрон, Русия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Қазоқистон) акнун дар остонаи имзои Конвенсияи режими ҳуқуқӣ, 6 мувофиқатнома ва протоколи дигар низ ҳастанд. Яке аз нукоти пешнависи Конвенсияи режими ҳуқуқӣ дар бораи нерӯҳои баҳрӣ дар баҳри Хазар аст, ки тайи моддаи сеи ин пешнавис ҳузури новҳо ва дигар шиноварҳои низомии хориҷӣ дар баҳри Хазар мамнӯъ аст. Нуктаи дигар дар бораи лӯлаҳои зериобӣ барои интиқоли нафту газ аст. Бар пояи моддаи 14-и пешнависи Конвенсияи режими ҳуқуқӣ, кишварҳои ҳошияи Хазар метавонанд лӯлаҳои интиқоли энержиро дар зери баҳр кор гузоранд, ба шарте ки ризояти кишварҳоеро, ки лӯлаҳо аз бахши онҳо мегузарад, ҷалб кунанд.

Вазири умури хориҷии Эрон дар иҷлоси рӯзи шанбеи Оқтов гуфт, дар ин конвенсия таъйини ҳудуди бистар ва зербистар ва ҳамчунин таъйини хутути мабдаъ ва шеваҳои он анҷом нашуда ва ба мувофиқатномаҳои ҷудогона дар оянда мавкул шудааст.  Ӯ ибрози умедворӣ кард, кишварҳои соҳилӣ дар ояндаи наздик ин умурро низ ниҳоӣ кунад. Зариф бо таъкид бар ин ки имзои ин конвенсия поёни ҳама музокирот ва иқдомот дар Хазар нест, гуфт, ин тасмимот, дар воқеъ, нуқтаи атф ва оғозин барои иҷрои тафоҳумот, назорат бар иҷро ва ҳамчунин шурӯи музокирот барои имзои мувофиқатномаҳои ҷадид ва зарурӣ башумор меравад. Аз соли 1992 то кунун нишастҳое дар сатҳҳои мухталиф баргузор ва пешрафтҳое дар заминаҳои мавриди баҳс ҳосил шудааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ихтилофоте, ки тайи даҳаҳои гузашта миёни кишварҳои соҳилии баҳрӣ вуҷуд дошта, раванди ин музокирот сахт ва душвор будааст.

Афшори Сулаймонӣ, сафири пешини Эрон дар Озарбойҷон бо ишора ба қарордодҳои солҳои 1921 ва 1940-и давраи шӯравӣ дар хусуси ин баҳр мегӯяд: "Бо ин ки аз ибтидо асл бар тавофуқи ҷамъӣ буд, бархе кишварҳои соҳилӣ бо рӯйкард ба қарордодҳои дуҷониба тавофуқотеро эълом карданд. Ба унвони мисол, Русия дар соли 1998 бо Қазоқистон қарордоде дар мавриди таъйини манобеи зербистар дар қисмате, ки мавриди иддаояшон буд, имзо кард. Ҷумҳурҳои Озарбойҷон ва Қазоқистон ҳам санади роҷеъ ба хати миёни таъйиншуда ба имзо расонданд".

Эрон ва кишварҳои соҳилии Хазар фурсатҳо ва манофеи муштарак дар ин баҳр доранд ва аз ин фурсатҳо бояд истифодаи матлубе кард. Кишварҳои соҳилӣ бояд ҳарчи зудтар дар мавриди режими ҳуқуқӣ битавонанд ба натиҷаи мавриди тавофуқ ва иҷмои ҳама кишварҳои соҳилӣ даст ёбанд. Аз ин дидгоҳ, иҷлоси Қазоқистон навидбахши шурӯи ҳаракати муҳим дар ин ҷиҳат аст.