Дурахшаши навниҳолони эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии риёзӣ
(last modified Mon, 13 Aug 2018 06:19:09 GMT )
Август 13, 2018 11:19 Asia/Dushanbe
  • Дурахшаши навниҳолони эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии риёзӣ

Дурахшаши навниҳолони эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии риёзӣ

Дурахшаши навниҳолони эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии риёзӣ

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, навниҳолони эронӣ дар ин мусобиқоти байналмилалии муваффақ шуданд, мақоми аввалро дар се радаи синнии кӯдакони 4 сола, 5 сола ва 6 сола аз-они худ кунанд.

Ҳудуди 600 навниҳол аз 13 кишвар аз ҷумла Амрико, Канада, Сингапур, Русия, Ироқ, Малайзия, Эрон ва Чин дар мусобиқоти байналмилалии мафоҳими пояи риёзии Малайзия, ҳузур доштанд.

Омӯзиши мафоҳими ҷаҳонии пояи риёзӣ ба шеваи “iMaths” (ман риёзиро дӯст дорам), равише нисбатан навин дар даҳаҳои ахир аст, ки дар он илм ва мафоҳими риёзӣ ба шакли комилан корбурдӣ ва ҷаззоб аз тариқи қисса, бозӣ ва саргармӣ ба кӯдакон, ёд дода мешавад.

Ин ришта барои нахустин бор дар Амрико, ибдоъ (кашф) шуд ва кишварҳое монанди Чин, Ҳинд, Малайзия ва Русия низ беш аз 10 сол аст, ки кӯдакони худро бо ин шева омӯзиш медиҳанд, то мафоҳими риёзиро ба таври корбурдӣ ва айнӣ дар ҷавомеи худ, густариш диҳанд.