Дурахшиши ҷавонони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии ихтироот ва роботик
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37328-Дурахшиши_ҷавонони_эронӣ_дар_мусобиқоти_ҷаҳонии_ихтироот_ва_роботик
Тими эъзомии ҷумҳурии исломии Эрон ба олимпиади ҷаҳонии ихтирооти ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ дар ду бахши донишомӯзӣ ва донишҷӯӣ, 12 ҷоиза аз они худ кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 13, 2018 12:51 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши ҷавонони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии ихтироот ва роботик

Тими эъзомии ҷумҳурии исломии Эрон ба олимпиади ҷаҳонии ихтирооти ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ дар ду бахши донишомӯзӣ ва донишҷӯӣ, 12 ҷоиза аз они худ кард.  

Дар поёни ин олимпиад, тими Эрон дар бахши донишомӯзӣ як медали тилло, се нуқра, се биринҷӣ ва ду ҷоизаи вижа ва дар бахши донишҷӯӣ ҳам як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ касб кард.

Олимпиади ҷаҳонии ихтирооти ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ дар ду бахши донишомӯзӣ ва донишҷӯӣ аз даҳум то 12 августи 2018 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.