Дурахшиши ҷавонони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии ихтироот ва роботик
(last modified Mon, 13 Aug 2018 12:21:16 GMT )
Август 13, 2018 17:21 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши ҷавонони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии ихтироот ва роботик

Тими эъзомии ҷумҳурии исломии Эрон ба олимпиади ҷаҳонии ихтирооти ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ дар ду бахши донишомӯзӣ ва донишҷӯӣ, 12 ҷоиза аз они худ кард.  

Дар поёни ин олимпиад, тими Эрон дар бахши донишомӯзӣ як медали тилло, се нуқра, се биринҷӣ ва ду ҷоизаи вижа ва дар бахши донишҷӯӣ ҳам як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ касб кард.

Олимпиади ҷаҳонии ихтирооти ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ дар ду бахши донишомӯзӣ ва донишҷӯӣ аз даҳум то 12 августи 2018 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.