Рӯҳонӣ: Душман орзуи шикаст додани Эрон‏ро ба гӯр хоҳад бурд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37379-Рӯҳонӣ_Душман_орзуи_шикаст_додани_Эрон_ро_ба_гӯр_хоҳад_бурд
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Душман наметавонад Эронро шикаст диҳад ва ин орзу‏ро ба гӯр хоҳад бурд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Душман орзуи шикаст додани Эрон‏ро ба гӯр хоҳад бурд

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Душман наметавонад Эронро шикаст диҳад ва ин орзу‏ро ба гӯр хоҳад бурд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳайъати давлати Эрон гуфт: Душман мехоҳад, зиндагии мардуми Эронро дучори мушкил кунад, аммо мардум ва масъулони Эрон бо ҳамкории якдигар иҷоза нахоҳанд дод, душман ба аҳдофи худ бирасад ва душман наметавонад миллати азим ва бузурги Эронро бо фишорҳои ғалат, ғайриқонунӣ ва бераҳмона шикаст диҳад.  

Рӯҳонӣ ба пешниҳоди амрикоиҳо барои музокира бо Теҳрон ишора кард ва гуфт: Эрон бо ҳамаи ҷаҳон дар ҳоли таомул ва музокира аст, аммо Амрико бо иқдомҳое, ки анҷом дода, шароити музокираро аз байн бурдааст.‏