Август 17, 2018 19:47 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Эрон қудрати муқобила бо тавтеаҳои иқтисодии душманро дорад

Имоми ҷумъаи Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон барои муқобила бо тавтеаҳои иқтисодии душман, қудрати зиёде дорад.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайидмуҳаммад Ҳасани Абутуробӣ Фард дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон гуфт, таҳримҳои Амрико фурсате барои шукуфоии иқтисоди Эрон аст.

Абутуробӣ Фард афзуд, Эрон кишваре сарватманд аст ва бо афзоиши нархи арз, як иқтисоди бузург ба номи иқтисоди Эрон, ки ҷузъи 20 иқтисоди аввали дунё аст, бо мушкил рӯ ба рӯ намешавад.

Вай ҳамчунин ба солрӯзи бозгашти озодагон (асирони эронии ҷанги Ироқ бо Эрон) ба Эрон, ишора кард ва афзуд, озодагони Эрон, ки даврони сахтеро дар зиндонҳои режими Баъси Ироқ гузаронданд, паёмовари хуни шаҳидони Эрон ҳастанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба дар пеш будани Иди Қурбон аз ҳамаи мардум хост, дар намози Иди Қурбон низ он тавр, ки шоистаи ин рӯзи муҳим аст, ҳузур ёбанд.